нӯг

нӯг
(нӯк)
[نوک // نوگ]
1. сари тези ҳар чиз (мас., сӯзан, қалам ва ғ.)
2. сари чизе (мас., ришта, чӯб ва ғ.); нӯги забон а) қисми пеши забон; б) маҷ. на аз сидқи дил, рӯякӣ, аз рӯи дил; нуки калоба а) сари риштаи калоба; б) маҷ. сари риштаи коре, роҳи ҳалли коре (масъалае). нӯг-нӯги даст а) бо нӯги ангуштони даст; гирам-нагирам; б) киноя аз дили нохоҳам, берағбат, бехоҳиш; нӯг-нӯги пой хеле оҳиста, бесадо (оид ба роҳ рафтан); аз нӯги… а) аз сари…; б) маҷ. аз ҳисоби…; бесару нӯг дарҳамбарҳам, печида, сарпеч; нӯг додан сар задан, намоён гаштан, неш задан(-и растанӣ); нӯги калобаро гум кардан саросема шудан, чӣ кор кардани худро надониста мондан; нӯги остин шуда натавонистан баробарӣ карда натавонистан, рақобат карда натавонистан бо чизе; нӯг ба нӯг расондан (кардан) чизеро дар рӯзгор то вақти муайян бо машаққат расонидан; аз нӯги хамир фатир (мақ.) намунаи аввал, намунае аз бисёр, андаке аз чизе

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем решить контрольную работу
Синонимы:


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»